Имрӯз дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар МТМУ-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз ҷониби гирандагони стипендияи Президентӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва дигар хонандагони муассиса бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маҳфили китобхонӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани маҳфилҳои китобхонӣ ин пеш аз ҳама омода намудани ҷавонон ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат” ба ҳисоб меравад.