Субҳи имрӯз санаи 19 майи соли 2024 бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ботантана бо иштироки васеи сокинони ноҳия, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту корхонаҳо, наврасону ҷавонон, занону бонувон, варзишгарон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҳаводорону дӯстдорони варзиш баргузор гардид.
Ҷамъбасти чорабинӣ дар назди майдони Нишон ва Парчами давлатии ноҳия баргузор гардида, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо тӯҳфаҳои хотирмони Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадршиносӣ карда шуданд.
