Дар доираи Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун мусобиқаи варзишии гӯштини миллӣ “Гуштингирӣ” аз рӯи усули деҳа ба деҳа ва маҳал ба маҳал байни наврасону ҷавонон ва сокинон дар деҳаи Қалъаи Нави Ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 180 нафар сокинон аз ҷумла наврасону ҷавонон ва калонсолон аз ҳудуди шаҳр ва ноҳияҳои тобеи марказ ҷалб гардида зиёда аз 2000 нафар сокинон мухлиси намуданд.
Ҳамзамон, ғолибони мусобиқаи мазкур бо туҳфаҳои хотирмону ҳавасманд гардонида шуданд.