Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша – чорабиниҳои моҳвораи ҷавонон дар қисми низомӣ дар ноҳияи Восеъ мулоқоту вохуриҳо миёни афсарону сарбозон ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Суярзода Мафтуна – намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , мудири Бахши ҷавонони ноҳияи Восеъ, роҳбарияти қисми низомӣ ва афсарон иштирок доштанд.
Дар Қисми низоми барои афсарону сарбозон, ки ҳимояи ҳамаҷонибаи давлатиро бо масъулияти баланд ба уҳда доранд, шароити мусоиди хизматӣ ва будубош фароҳам оварда шудааст.
Қисми низомӣ, ки аз хобгоҳи сарбозон, ҳуҷраҳои корӣ барои афсарон, хонаҳои хизмати сарҳадӣ, нигоҳдории силоҳу аслиҳа, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ, нуқтаи тиббӣ, ҷойи либосшуӣ, ошхона, майдони сафороӣ, марказҳои таълимӣ, ҳаммом, анборҳо барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ, сару либос, сӯзишворӣ, мошинсарой, ҷойи нишасти чархбол ва дигар иншооти хидмати ҳайати шахсӣ иборат мебошад.
Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Суярзода Мафтуна зимни боздид изҳор доштанд, ки давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи олии Қуваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи даврони соҳибистиқлолӣ ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои мусалаҳ фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи доимӣ ва аввалиндараҷа дода, ва дигар иншооти заруриро бунёд ва ҷузъу томҳоро бо техникаву таҷҳизоти муосир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар ашёву лавозимоти ҳарбӣ таъмин намуда истодааст
Дар фарҷоми чорабини ба сарбозону афсарон сипосномаи Кумита ва туҳфаҳо тақдим шуд.